Ссылки доступа

Дар Киев номи "хабарчини боздоштшудаи мақомоти махсуси Русия"-ро эълон карданд


Дар Киев номи нафареро, ки бо гумони хабарчинӣ ё агентии мақомоти махсуси Русия боздошт шуд, эълон карданд. Ин боздоштшуда Станислав Ежов, ёвари сарвазири Украина аст. Дар ин бора телевизиони "112 Украина" хабар дод.

Хадамоти амнияти Украина ахиран гуфт, ки як мансабдори ҳукумати кишварро боздошт кардааст. Ба иттилои хадамоти амният, вай дар яке аз сафарҳои тӯлонии хизматиаш барои ҷамъоварии иттилоъ аз дохили мақомоти Украина, аз сӯи мақомоти Русия ҷалб шуд.

Баъдтар маълум шуд, ки Станислав Ежов дар маҳалли кораш боздошт шудааст. Манзил ва коргоҳи боздоштшударо мақомот ҷустуҷӯ карданд. Нисбати вай бо моддаи хиёнат ба давлат парванда кушода шудааст.

Ба иттилои расонаҳо, Ежов муовини роҳбари хадамоти протоколии сарвазири Украина буд. Вай масъулияти тарҷумаи мулоқотҳои ҳайатҳои хориҷиро бар дӯш дошт. Ежов пештар дар сафорати Украина дар ИМА ва дастгоҳи раисҷумҳурии Украина низ кор кардааст.

XS
SM
MD
LG