20 декабр дар ҷаласаи додгоҳи федеролии Бруклин судя Уилям Кунтс айбдор эълон ва 15 сол зиндонӣ кард. Бар асоси ҳукм, вай баъди адои ҷазо аз ИМА ихроҷ хоҳад шуд.
Саидаҳматов дар талоши "рафтан ба Сурия бо ҳадафи пайвастан ба ДИ" айбдор шудааст. Ба гуфтаи додситонӣ, ин шаҳрванди Қазоқистон дар сурати муваффақ нашудан ба сафари Сурия, мехост "ба кормандони мақомоти интизомии ИМА ҳамла кунад".
Саидаҳматови 22-сола моҳи феврали соли 2015 дар фурудгоҳи байналхалқии ба номи Ҷон Кеннедӣ ҳангоми ворид шудан ба ҳавопаймои самти Истамбули Туркия боздошт шуд. Вай то он замон аз ДИ барои харҷҳояш маблағ дарёфт карда буд. Дар ибтидо Саидаҳматов айбҳои эълоншударо рад мекард, вале баъдтар ба гуноҳаш иқрор кард.
Аз рӯи ин парванда ду зодаи Ӯзбекистон низ ба ҷавобгарӣ ҷалб шуданд.
Як зодаи ҷавони Қазоқистон чӣ гуна дар Амрико ҷиҳодӣ шуд (видео аз 27 феврали соли 2015):