Ссылки доступа

Қодиров: "Ҳанӯз фармони вуруд ба хоки ИМА-ро дарёфт накардаам"


Дар Кремл ваъда доданд, ки дар робита ба шомилшавии номи раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров ба "рӯйхати Магнитский"-и ИМА чораҳои ҷавобӣ хоҳанд андешид. Дар ин бора сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Песков дар мавриди чигунагии вокуниши Москва, афзуд, ки усули дуҷониба риоя хоҳад шуд. Вай дар посух ба суоли он ки аз ҷониби Амрико кӣ метавонад бо Қодиров "баробар" бошад, гуфт, "онҳо ин гуна шахсият кам доранд".

Вазорати молияи ИМА ахиран номи Рамазон Қодиров ва чаҳор шаҳрванди дигари Русияро ба "рӯйхати Магнитский" шомил кард. Ба гуфтаи мақомоти Амрико, Қодиров дар муҷозоти ғайриқонунӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон даст дорад.

Худи раҳбари Чеченистон дар посух ба амали мақомоти ИМА дар шабакаи иҷтимоии инстаграм навишт, "ИМА наметавонад, маро барои он ки тамоми умрамро ба мубориза бо террористони хориҷӣ сарф кардаам, бахшад". Вай ҳамчунин афзуд, "хавотир нашавед, чун ҳанӯз фармони вуруд ба хоки ИМА-ро дарёфт накардаам".

"Эъломияи Магнитский"-ро Конгресси ИМА соли 2012 қабул кард. Санад ба номи ҳуқуқшиноси бунёди Hermitage Capital Сергей Магнитский гузошта шудааст. Ӯ як нақшаи бузурги дуздии пули буҷаи Русияро ошкор карда буд. Мақомоти рус Магнитскийро ба саркашӣ аз пардохти андоз айбдор карданд ва вай соли 2009 дар боздоштгоҳи муваққати шаҳри Москва ба далели нарасонидани ёрии тиббӣ ҷон дод.

Ба "рӯйхати Магнитский" номи шахсоне ворид карда мешавад, ки ба гуфтаи мақомоти ИМА, дар фасодкорӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон даст доранд.

XS
SM
MD
LG