Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон Ануар Жайнаков гуфт, 21 декабр ҷонибҳо як қатор вохӯриҳои дуҷониба ва чандҷониба анҷом доданд, вале аз ироаи ҷузъиёти онҳо худдорӣ кард.
Русия, Туркия ва Эрон сарпарасти гуфтугӯҳои сулҳи Сурия дар Остона ҳастанд. Нишасти Остона ҷудо аз гуфтугӯҳои Женева, ки зери сарпарастии СММ ҷараён доранд, баргузор мешавад.
Ба огаҳии ВКХ Қазоқистон, дар даври ҳаштуми гуфтугӯ ҳайати кишварҳои кафил, ҳукумати Сурия, гуруҳҳои мухолиф, СММ ва кишварҳои нозир -- Урдуну ИМА иштирок хоҳанд кард. Ҷонибҳо фаъолияти минтақаҳои амн ва риояи низоми оташбасро баррасӣ мекунанд.
Пештар ВКХ Қазоқистон хабар дод, ки қарор аст, дар мулоқот вазъи гуруҳи корӣ барои раҳоии боздоштшудаҳо, таслими ҷасадҳо ва ҷустуҷӯи бедаракшудаҳо баррасӣ шавад. Ҷонибҳо 30-31 октябр дар даври ҳафтуми гуфтугӯҳо дар робита ба табодули асирон ва таслими ҷасадҳо натавонистанд ба созиш бирасанд.
Иштирокдорон нақша доранд, дар бораи аз минаҳо пок кардани маконҳои таърихии Сурия, ки шомили рӯйхати мероси ғайримоддии ЮНЕСКО шудаанд, изҳороти муштаракеро низ нашр кунанд. Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандии Сурия, ки аз соли 2011 ба ин сӯ идома дорад, беш аз 300 ҳазор одам кушта шуда, миллионҳо нафари дигар хонаҳои худро тарк кардаанд.