Ссылки доступа

Иттиҳоди Аврупо таҳримҳои зидди Русияро ним соли дигар тамдид кард

Шӯрои Аврупоӣ қарор кард, ки таҳримҳои зидди Русия дар робита ба дахолаташ дар Украина, шаш моҳи дигар тамдид шаванд. Таҳримҳо то 31 июли соли 2018 давом хоҳанд кард.

"Ин қарор баъди он қабул шуд, ки 14 декабри соли ҷорӣ президент Макрон ва садри аъзам Меркел Шӯрои Аврупоро аз вазъи иҷрошавии созишҳои Минск огоҳ карданд", - омадааст дар сомонаи расмии Шӯрои Аврупоӣ.

Таҳримҳои Ғарб ҳанӯз дар соли 2014 эълон шуданд. Сар аз он замон онҳоро борҳо густариш ва тамдид карданд.

Иттиҳоди Аврупо, ИМА ва Украина ба далели ғасби Қрим ва дахолат дар низоъи Донбасс зидди Русия таҳрим ҷорӣ карданд. Москва ғасби нимҷазиро "барқарории адолати таърихӣ" меномад ва ширкат дар ҷанги шарқи Украинро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG