Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон президент бори аввал ба порлумон муроҷиат кард


Дар Кохи ҳамоишҳои шаҳри Тошканди Ӯзбекистон бо ширкати аъзои сенат ва палатаи қонунгузори порлумон, шӯроҳои вакилони халқии вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо, инчунин раисони мақомоти маҳаллӣ ва намояндагони созмонҳои иҷтимоӣ ҷаласа баргузор шуд.

Ин ҷаласаро телевизиони "Ӯзбекистон24" ба таври мустақим нишон дод. Дар ҷаласа аз соли 2017 натиҷагирӣ ва барои соли 2018 вазифагузорӣ шуд.

Ислом Каримов, президенти пешини Ӯзбекистон дар тамоми даврони роҳбариаш боре ҳам ба порлумон муроҷиат накарда буд. Вай тибқи одат дар моҳи феврали ҳар сол дар ҷаласаи васеи девони вазирон суханронӣ ва аз соли гузашта натиҷагирӣ мекард.

Шавкат Мирзиёев, президенти кунунии Ӯзбекистон дар муроҷиати рӯзи 22 декабр пешниҳод кард, ки соли 2018 - Соли пуштибонӣ аз соҳибкорӣ, идеяҳои инноватсионӣ ва технологӣ унвон шавад.

То ин замон ҳамеша дар рӯзи 8 декабр - дар ҷаласаи бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ӯзбекистон барои соли нав ном мегузоштанд.

Интизор меравад, ки Шавкат Мирзиёев дар ояндаи наздик нишасти васеи иттилоотӣ баргузор кунад.

XS
SM
MD
LG