Қарори барканории онҳоро ҳукумати Туркия 24 декабр содир кард. Дар миёни барканоршудаҳо 637 низомӣ, 360 маъмури пулис ва 150 донишманду корманди дигари донишгоҳҳо низ ҳастанд.
Анқара дар кӯшиши табаддулоти нокоми моҳи июли соли 2016 руҳонӣ Фатҳуллоҳ Гюленро айбдор мекунанд, ки тайи чанд соли ахир дар ИМА ба сар мебарад.
Дар пайи кӯшиши табаддулот беш аз 110 ҳазор одам аз мақомҳои худ барканор ва ҳудуди 50 ҳазор тани дигар ба гумони робита бо Гюлен боздошт шудаанд. Руҳонии турк даст доштани худро дар кӯшиши табаддулоте, ки 240 кушта бар ҷой гузошт, рад мекунад.
Ҳукумати Туркия мегӯяд, таъқибҳои ҷорӣ барои муқобала бо хатару таҳдидҳои пайравони ҳаракати Гюлен заруранд. Вале ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон аз кӯшиши табаддулот барои саркӯби мухолифони сиёсияш истифода мекунад.