- Чаро Тоҷикистон марзашро бо Афғонистон баст? Мақомоти Тоҷикистон бастани панҷ пулу як гузаргоҳ бо Афғонистон ва маҳдуд шудани убуру мурур дар пули Шерхон-Бандар ё худ Панҷи Поёнро "беэътимодӣ ба марзбонҳои афғон" унвон мекунанд (видео)
- Зиндагӣ бо панҷ фарзанд ва дар се вагон. Падари хонавода, Рустам кору маоши хуб дошт, вале моҳи апрел маълум шуд, ки саратон дорад ва сараш ҷарроҳӣ шуд. Баъди ин, аз онҳо хостанд, ки хонаро холӣ кунанд (видео)
- Технологияи дорувориро дар Тоҷикистон аз боҷ озод мекунанд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, ки воридоти технология барои истеҳсоли доруворӣ дар дохили кишвар аз андоз, аз арзиши иловашуда ва боҷӣ гумрукӣ озод карда шавад (видео)
- Зӯри оҷонсӣ ба ду нафақахӯр нарасид. Ду нафар бознишаста аз шаҳри Душанбе Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро, ки нахост ба онҳо нафақа бидиҳад, ба додгоҳ кашонида, билохира пирӯз шуданд (видео)
- Шамсулло бо дипломи бонкдорӣ ронанда шуд. Дар як соли охир 138 ҷавон аз ҳисоби маблағҳои будҷа донишгоҳҳои Тоҷикистонро бо ихтисоси бонкдорӣ ва моливу қарз хатм кардаанд. Ин дар ҳолест, ки давоми ду соли охир беш аз 8 ҳазор корманди бонкҳо дар Тоҷикистон аз кор ронда шуда, бекор монданд (видео)
- Модари тоҷик тухмдонашро иҷора дод. Зане дар Тоҷикистон таҷрибаи модарии муваққатӣ (суррогатное материнство)-ро таҷриба кард. Ӯ мегӯяд, аз ин кораш розӣ аст, чунки ҳам фарзандони худро соҳиби сарпаноҳ карду ҳам як ҷуфти безурётро соҳиби фарзанд кард. (видео)
- Табиби тоҷик мегӯяд, қонун модари муваққатро иҷоза диҳад. Табиби тоҷик мегӯяд, бояд модарии муваққатро бар асоси қонун ба танзим дароранд, то занон роҳҳои ғайриқонунии модарии муваққатро пеш нагиранд. (видео)
- Муллои тоҷик мегӯяд, иҷора додани бачадон ҷоиз нест. Ҷалолиддин Хомӯшов, сардори Идораи фатво дар Маркази уламои исломии Тоҷикистон мегӯяд, ки модари ҷойгузин, ё иҷора додани бачадон барои ба дунё овардани тифл барои каси дигар дар Ислом ҷоиз нест (видео)
- Ду соли умри Бузургмеҳр Ёров дар СИЗО. Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноии вазорати адлияи Тоҷикистон пас аз 2 солу се моҳ Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои маҳкумшударо аз СИЗО ё боздоштгоҳи мувақатии рақами 1 ба маҳбаси марказӣ интиқол дод. (видео)
- Маҳкум ба зиндон шудани салафиҳо дар Хуҷанд. (видео)
- Австралия зарбаҳои ҳавоӣ ба ДИ-ро тамом кард. Австралия эълон кард, ки нерӯҳои ҳавоии худро аз Ироқу Сурия берун мекунад.Ин тасмими ҳукумати Австралия дар ҳоле садо медиҳад, ки ИМА мегӯяд, мубориза бо гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати Исломӣ" пурра тамом нашудааст. (видео)
- Хоккейбозии Путинро дидаед? Агар не инҷо бубинед. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ҳамроҳ бо вазири дифо Сергей Шойгу шоми ҷумъаи гузашта дар назди Кохи Кремл, дар мусобиқаи дӯстонаи Лигаи шабонаи хоккей бо чанде аз хоккейбозони маъруфи Русия ба мисли Вячеслав Фетисов рақобат карданд. (видео)
- "Мехостам, соли таваллудамро ҳам иваз кунам. Ҷавон будан беҳтар аст". Саргузашти ҳамҷинсгарое аз Қирғизистон. (видео Директ)
- "Семаротибаӣ аз кор озод хоҳам кард", – роҳбари Ӯзбекистон бо мансабдорон чӣ гуна гуфтугӯ мекунад (видеои Настоящее время)
- Куриёи Шимолӣ таҳримҳои нави СММ-ро "амали ҷангҷӯёна" номид. (видео)
- Дар пойтахти Филиппин танзимгар бо либоси Бобои барфӣ мебарояд. (видеои Настоящее время)
- Навалний ба мақоми президентӣ пешниҳод шуд. Дар шаҳрҳои Русия рӯзи якшанбе ҷаласаи гуруҳи интихобкунандагон баргузор ва пешбарии номзадии мухолиф Алексей Навалний ба мақоми президентӣ сурат гирифт (видео аз Директ)
- Навалний даъват кард, ки дар сурати сабти ном нашудани вай, интихоботи президентӣ бойкот эълон шавад (видео аз Директ)
- Собчак - номзади "Ташаббусҳои шаҳрвандӣ". Ҳизби "Ташаббусҳои шаҳрвандӣ" дар анҷуманаш ровии телевизион Ксения Собчакро расман ба мақоми президентӣ пешбарӣ кард (видео аз Директ)
- Куба барои қабули мошинҳои русии Lada омодагӣ мебинад. (видео аз Директ)
- Дар Қрим боз чӣ чизи украинӣ мондааст? (видео аз Директ)
- Ишқобод ба Соли нав омодагӣ мебинад. (нигористон)