Як манбаъ аз Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо гуфт, дастури рад кардани дархости ашхоси камбизоат барои адои маносики ҳаҷҷ, баъд аз ҷаласа бо ҳузури муовини сарвазир гирифта шудааст. Дар ин ҷаласа бо ҳузури Азим Иброҳим, муовини нахуствазир ва роҳбари комиссияи ҳаҷ, ки охири ҳафтаи гузашта баргузор шуд, дастур шудааст, ки дар нисбати шаҳрвандоне, ки вазъи зиндагиашон хуб нест, “қарори дахлдор қабул карда шавад.”
Дар ин ҷаласа, ки хабаргузориҳои расмӣ онро нашр карданд, Азим Иброҳим супориш додааст, ки “масъулин дар шаҳру ноҳияҳо вазифадор мебошанд, ки ҳангоми баррасии муроҷиати шаҳрвандон шароити зиндагии ҳар яки онҳоро ба инобат гирифта, қарори дахлдорро қабул намоянд”. Ҳамсӯҳбати мо дар Кумитаи дин мегӯяд, таҷрибаи омӯхтани вазъи зиндагии ашхоси талабгори ҳаҷ нав нест, вале ҳамакнун масъулони бахши дин дар навоҳӣ мустақилона ҳақ доранд дархости ашхоси гирифтори мушкилро рад кунанд.
Дар ҳамин ҳол, масъулини Кумитаи дин манъ кардани дархости ашхоси камбизоат барои адои Ҳаҷро ҳамчун маҳдудкунии навбатӣ, рад карда мегӯянд, ин тасмим ба хотири беҳтар кардани вазъи зиндагии сокинон гирифта шудааст.
Дастури манъи ҳаҷ барои ашхоси камбизоат аз аввалин маҳдудкуниҳои мақомоти тоҷик дар роҳи сафари шаҳрвандони Тоҷикистон барои ҳаҷ нест. Қаблан мақомот рафтани ашхоси то 40-сола ба ҳаҷро манъ карданд.