Ссылки доступа

Қирғизҳо аз тоҷикон ибрат гирифтаанд? (гулчин)

Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Тоҷикистону ҷаҳон аз рӯзи 25-уми декабри соли 2017 (видео)

- Демократҳои тоҷик раис интихоб карданд ва насиҳат шуниданд. Саидҷаъфар Усмонзода (Исмонов), вакили порлумон, рӯзи 23-юми декабр аз нав раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб шуд. Вай аз моҳи декабри соли 2012 ба ин тараф раёсати ин ҳизбро бар дӯш дорад (видео аз Директ)

- NGH-ро манъ карданд, одамон бекор монданд. Ассотсиатсияи ширкатҳои мобилии Тоҷикистон аз бекор мондани даҳҳо мутахассиси бахши хизматрасонии NGN-и ширкатҳои мобилӣ, нигаронӣ кардааст. Раҳбари ин ассотсиатсия мегӯяд, ки баста шудани фаъолияти NGN, боиси зарари молии ширкатҳо ва ҳам аз даст додани кадрҳо мешавад (видео)

- Қирғизҳо аз тоҷикон ибрат гирифтаанд? Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ки ҳеҷ амре барои насби аксҳои раисиҷумҳур Сооронбой Ҷеенбеков дар идораҳои давлатӣ надодаанд, ҳарчанд дар бозорҳо аз ҳоло аксҳои ӯро ба фурӯш гузоштаанд. (видео)

- Ҳудҳуд -- рамзи кӯҳсори Тоҷикистон дар соли 2018. Шонасарак ё ҳудҳуд дар як пурсиши Анҷумани дӯстдорони табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон, рамзи кӯҳсори Тоҷикистон дар соли 2018 интихоб шудааст. Ин интихоб ба хотири кӯмак дар ҳифзу нигаҳдории ин навъи парранда анҷом шудааст (видео аз Директ)

- Эрон кӯдакони қочоқшударо баргардонд. Инҳо кӯдакони афғоне ҳастанд, ки аз Эрон ихроҷ шудаанд ва онҳоро ба инҷо урдугоҳи Ансор дар вилояти Ҳирот овардаанд. Кӯдакони афғонро қочоқбарон барои интиқоли маводи мухаддир ва эҳтимолан фурӯши аъзои баданашон ба Эрон бурдаанд (видео аз Директ)

- Таронаи Садриддин барои кӯдакони Роҳинҷа. Садриддин Наҷмиддин, сарояндаи шинохтаи тоҷик дар бораи тифлони фирории қавми роҳинҷа аз Мянмар ба Бангладеш, оҳангеро иҷро кардааст. Ин суруд, ки "Тифли Мянмар" ном дорад, рӯзи 25-уми декабр дар шакли савтӣ пахш шуд (видео)

- Осиё: раҳбари Қирғизистон бо сафари сулҳомез ба Қазоқистон рафт. Сооронбой Ҷеенбеков ба Остона рафт, Назарбоев гуфт, дар бораи ҳамсояҳо бадгӯӣ накардааст. Дар Ӯзбекистон баъд аз паёми нахустини президент ба порлумон беш аз 50 мансабдорро барканор карданд. (видеои Настоящее время)

- Як маргталаб 6 нафарро дар Кобул кушт. Як маргталаб дар Кобул субҳи 25 декабр худро дар наздикии сохтмони Оҷонсии иттилооти миллии Афғонистон мунфаҷир кард. (видео)

- Ботиралиев (вазири тандурустӣ) беморхонаеро нишон дод, ки аз ҳисоби грантҳои Туркия бунёд шудааст. Дар Бишкек сохтмони беморхонаи дӯстии Қирғизистону Туркия ба поён расид. (видео)

- «Шумо оқсақол, бародари бузурги моед»: президенти Қирғизистон ба назди Назарбоев рафт. (видео аз Директ)

- "Порлумон дар ин мавзуъ кор намекунад". Вакилони маҷлис дар бораи вазъи маблағҳои "ҳабсшуда"-и Фонди миллии Қазоқистон чӣ назар доранд (видео)​

- Табодули асиронро дар Донбасс ба 27 декабр гузоштанд. Ҷониби Украина 306 ва ҷудоихоҳони рӯ ба Русия 74 нафарро бояд озод мекарданд. Дар гуфтугӯҳо ҳамчунин Патриарх Кирилл ва Виктор Медведчук иштирок доштанд. (видео аз Директ)

- Як кас зидди ҳама ва ҳама барои як кас. Дар маъракаҳои пешазинтихоботӣ кӣ иштирок хоҳад кард. Настоящее Время сиёсатшинос Леонид Гозман ва Андрей Нечаев – раиси Ҳизби "Ташаббуси шаҳрвандӣ"-ро дар бораи барномаи номзадҳо пурсид. (видео аз Настоящее время)

- Дар Москва автобус анбӯҳи пиёдагардонро пахш кард. (видео аз Директ)

- Твиттери Трамп: баҳсҳо атрофи Соли нав ва Бюрои федеролии тафтишот. Аз миёни 12 твити президенти ИМА, ки дар рӯзҳои истироҳатии ҷашнӣ нашр шудаанд, аз ҳама бештар табрикоти ӯ ва эҳтимоли истеъфои шахси дувуми бюро баҳсҳоеро ба бор овардаанд. (видео аз Директ)

- "КМИР-ро дӯст намедорам, ба фикрам шумо ҳам маро": номзадии Навалнийро дар интихоботи президентии Русия ба қайд нагирифтанд. (видео аз Директ)

- Ишқобод ба ҷашнҳои солинавӣ омода мешавад (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG