Ссылки доступа

Бахше аз сокинони Туркманистон аз газ маҳрум хоҳанд шуд


Ширкати гази ноҳияи Болдумсози Туркманистон аз муштариёни худ талаб кардааст, ки барои пардохти пули газ дар соли 2018 дафтарчаҳои нави ҳисоботӣ харанд. Ба гуфтаи як манбаъ, нархи дафтарча 160 манат (беш аз 45 доллар) аст.

Ширкат гуфтааст, газро барои онҳое, ки дафтарчаи нави расидҳоро намехаранд, қатъ мекунад. Як сокини Болдумсоз мегӯяд, онҳое, ки дафтарчаҳои қаблияшон ҳанӯз тамом нашудааст, низ бояд ҳисобномаи навро бихаранд.

“Ин хабар барои бештари сокинон дар арафаи таҷлили Соли нав ғайричашмдошт буд», -- гуфт ӯ. Ин дар ҳолест, ки аз солҳои 1990-и қарни гузашта то имсол газ барои сокинон ройгон буд.

Вилояти Дашоғуз, ки ноҳияи Болдумсоз бахше аз он аст, яке аз минтақаҳои фақиртарини Туркманистон буда, дар он сатҳи бекорӣ баланд аст.

Ҳукумати Туркманистон тобистони имсол як қатор имтиёзҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла обу барқ ва гази бепулро барои сокинон бекор кард ва сокинон мегӯянд, дар фасли сармо бо мушкил рӯбарӯ шудаанд.

XS
SM
MD
LG