Ссылки доступа

Баъди танқиди президенти Ӯзбекистон чанд нуқтаи назоратии пулис аз роҳҳо бардошта шуд (видео)

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон 22 декабр дар як суханронӣ аз мавҷудияти нуқтаҳои назоратии пулис ё постгоҳҳо дар роҳҳои байни вилоятҳои кишвараш изҳори норизоӣ кард.

Бо гузашти чанд рӯз бархе аз постгоҳҳои дохилӣ аз роҳҳо бардошта шуданд. Аммо постгоҳҳои байнивилоятӣ ҳанӯз фаъол ҳастанд. Мирзиёев гуфт, постгоҳҳо монеи ҳаракати озод мешаванд ва ба муносибатҳои тиҷориву иқтисодӣ, инчунин саёҳати мардум таъсири манфӣ мерасонанд.

Мирзияев приказал ликвидировать дорожно-патрульные посты внутри Узбекистана
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:42 0:00

"Фикр кунед, дар ҳоли ҳозир дар ҳудуди кишвари мо бештар аз 60 постгоҳ аст. Акнун тасаввур кунед, ки агар як шаҳрванди қаторӣ бихоҳад бо мошини шахсиаш аз Хоразм ба Тошканд ояд, вай бояд аз 17 нуқтаи назорати убур кунад. Аз Фарғона то Тошканд бояд 7 постро убур кард", - гуфт Мирзиёев.

Дар ин робита раисҷумҳури Ӯзбекистон дастур дод, ки ҳамаи постгоҳҳо дар марзи вилоятҳо бекор карда шаванд.

Дар ҳоли ҳозир бархе аз ронандагон аз кам шудани шумори постгоҳҳо хабар медиҳанд.

XS
SM
MD
LG