Ссылки доступа

Бонки миллӣ масъули муқовимат бо пулшӯӣ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон ниҳоди масъул дар муқовимат бо даромадҳои аз роҳи ҷиноят ба даст омада таъин шуд. Ин бонк бо як фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз чунин ваколат бархурдор шуд.

Қонуни муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом соли 2011 қабул гардидааст ва ахиран бо судури фармони раиси ҷумҳур, Бонки миллӣ мақоми масъул дар амри иҷрои ин қонун таъин гардид.

Мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон ба дунбол изҳори умед карданд, ки аз “рӯйхати сиёҳ”-и FATF берун шудани исми Тоҷикистон “мавқеи сармоягузории кишварро беҳтар намуда, имкониятҳои иловагиро барои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат фароҳам меорад.“

Танҳо дар моҳи октябри соли 2014 Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул Тоҷикистонро аз рӯйхати кишварҳое, ки таҳти назорати вижаи ин созмон қарор доштанд, берун овард. Бонки миллии Тоҷикистон он замон гуфта буд, ки "Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ба зинаи баландтар баромад."

Бино бар ин манбаъ, FATF (Financial Action Task Force), Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул, ҳанӯз рӯзи 24 октябр дар ҷаласаи планериаш дар Пориси Фаронса қарор кардааст, ки "бинобар пурра мутобиқ гардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсияҳои FATF ва мавриди амал қарор гирифтани онҳо, Тоҷикистон аз реҷаи мониторинг бароварда шуда, ба қатори кишварҳое, ки комилан ба талаботҳои ин ташкилот ҷавобгӯ ҳастанд, ворид карда шуд."

Тоҷикистон таҳия ва татбиқи ин қонунро бо тавсияи созмони FATF (Financial Action Task Force) як ниҳоди байналмилалии мубориза бо шустушӯи пул, шурӯъ кард. Ин созмон Тоҷикистонро то соли 2014 дар рӯйхати кишварҳое ворид карда буд, ки эҳтимоли “пулшӯӣ” дар он ҷо зиёд аст.

XS
SM
MD
LG