Ссылки доступа

Шаҳрдори Андиҷон барои дашноми зертобеонаш 5 млн сӯм ҷарима шуд

Дар Ӯзбекистон шаҳрдори Андиҷон Дилмурод Раҳматуллоевро барои суханҳои қабеҳ гуфтан ба мудирони коллеҷу литсейҳои маҳаллӣ 30 нишондиҳанда, баробар ба 650 доллари ИМА ҷарима карданд. Дар ин бора аз дафтари матбуотии Додситонии кулли Ӯзбекистон хабар доданд.

"Додгоҳ Раҳматуллоевро бар пояи банди "таҳқир"-и Кодекси маъмурии Ӯзбекистон айбдор дониста, 30 нишондиҳандаи маоши ҳадди ақал (5 миллион сӯм) ҷарима кард", - омадааст дар иттилоияи додситонӣ.

Пештар додситонии Андиҷон хабар дода буд, ки 7 декабр зидди Раҳматуллоев бар пояи банди 41-и Кодекси маъмурии Ӯзбекистон парванда боз карда, ба додгоҳи шаҳрӣ фиристодааст.

Як манбаъ дар шаҳрдории Андиҷон гуфт, баъди нашри навори ҷаласае, ки дар он Раҳматуллоев зертобеони худро дашном медиҳад, кормандони додситонӣ "санҷиши ҷиддӣ" гузарониданд.

Дар як ҷаласае, ки 16 октябр дар шаҳри Андиҷон сурат гирифт, раиси шаҳр мудирони муассисаҳои таълимиро ба хотири кам фиристодани пахтачинон ба саҳро дашном дод. "Ҳайвонҳо", "шағолҳо", "харҳо", "лаънат бар падаратон" - гуфта буд Раҳматуллоев. Ҳамчунин вай дар ҷаласаи 18 ноябр омӯзгори 64-соларо дашном дод.

XS
SM
MD
LG