Ссылки доступа

ИМА: дар Ироқу Сурия ҳудуди ҳазор ҷангии ДИ мондааст


Намояндаи эътилофи байналмилалии ба раҳбарии ИМА Райан Диллон мегӯяд, дар Ироқу Сурия ҳудуди ҳазор ҷангии гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИ) мондааст.

Ба гуфтаи ӯ, то чанд рӯзи пеш шумори ин ҷангиён ба се ҳазор нафар мерасид. Намояндаи ИМА гуфт, дар ҳоли ҳозир, нирӯҳои эътилоф ва артиши Ироқ ба ҷангиён иҷозат намедиҳанд, ки аз марзи ин кишвар ба Сурия гузаранд.

Президенти ИМА Доналд Трамп 12 декабр хабар дод, ки ДИ дар Ироқу Сурия шикаст хӯрд. Сардори Ситоди кулли Русия Валерий Герасимов 6 декабр гуфт, Сурия аз ҷангиён пурра озод карда шуд.

Эътилофи ба раҳбарии ИМА бо тундравон аз соли 2014 ба ин сӯ дар Сурия мубориза мебарад. Амалиёти низомии Русия дар Сурия 30 сентябри соли 2015 оғоз шуд. Эътилоф Москваро борҳо ба он айбдор кард, ки аз режими президенти Сурия Башор Асад ҷонибдорӣ мекунад. Дар ҳоле ки Ғарб мегӯяд, Асад дар нақзи ҳуқуқи инсон даст дорад.

XS
SM
MD
LG