Ссылки доступа

Фарзандони бемасъулият то се сол зиндонӣ мешаванд


Рӯзи 21-уми декабр Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонуни ҷиноиро қабул кард, ки ҷазои сахттарро ба фарзандони бемасъулият пешбинӣ мекунад.

Бахтовар Сафаров, узви Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони порлумони Тоҷикистон мегӯяд, ба моддаи 178-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "Саркашии барқасдона аз таъминоти падару модари ғайри қобили меҳнат” банди дувум илова шуд. Бар асоси ин илова, фарзанде, ки бо ҳалномаи додгоҳ дар кӯмаки падару модар масъул дониста шудааст, вале бе сабаб, барқасдона ва такроран аз кӯмак сарпечӣ мекунад, се сол зиндонӣ мешавад.

о ин дам фарзандони бемасъулият барои даст кашидан аз муроқибати волидон аз 120 то 180 соат ё то ду сол ба корҳои ислоҳӣ ва ё зиндон ба ҳамин мӯҳлат аз озодӣ маҳрум мешуданд.

Пешбинии ҷазои сахт дар Кодекси ҷиноятӣ дар ҳолест, ки соли 2016 бо иловаи банди наве ба Конститутсияи Тоҷикистон “фарзандони болиғу қобили меҳнат ба таъмини молии падару модар” муваззаф шуданд.

Тоҷикистон як кишвари суннатии Осиёи Марказӣ аст, ки арҷгузорӣ ба заҳматҳои волидон аз хурдӣ дар кӯдакон тарбия мешавад ва фарзандони бемасъулият мавриди сарзаниши ҷомеа қарор мегиранд. Аммо солҳои ахир, бинобар вазъи бади иқтисодӣ ин суннат камранг шуд ва ҳоло ба гуфтаи мақомоти додгоҳӣ, даъвои падару модар бо фарзандон то рафт боризтар ва маъмулӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG