Ссылки доступа

Масири роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон соли 2018 муайян мешавад


Иштирокдорони гуфтугӯи сеҷонибаи шаҳри Тошканд дар робита ба муҳлати сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон ба созиш расиданд. Дар ин бора Вазорати нақлиёт ва роҳҳои Қирғизистон иттилоъ додааст.

Ба огаҳии вазорат, масири нави роҳи оҳани мазкур, ки Чин, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро ба ҳам мепайвандад, моҳи апрели соли 2018 муайян карда хоҳад шуд.

Намояндагони се кишвар дар гуфтугӯи Тошканд созиш кардаанд, ки ҷанбаҳои техникиву иқтисодии тарҳро моҳи августи соли 2018 ва масоили молии онро то охири ҳамон сол баррасӣ ва ҳал кунанд.

Ташаббуси бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон аз соли 2000-ум ба ин сӯ садо медиҳад. Вале то ҳол иҷрои он шурӯъ нашудааст. Бино ба арзёбиҳо харҷи он 6-6,5 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар пайи мушкили ахири марзии кишвараш бо Қазоқистон гуфта буд, ки Бишкек бояд роҳҳои дигари бурунрафт ва дастёфт ба бозори беруниро пайдо кунад. Аз ҷумла, ӯ иҷрои ин тарҳро бисёр муҳим хонда буд.

XS
SM
MD
LG