Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон ба тифлоне, ки ба ифтихори президент номгузорӣ шуданд, ҳеч имтиёзе намедиҳанд


Яке аз кормандони вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ӯзбекистон хабар дод, анъанаи тақдими туҳфаҳо ва ё дигар кумакҳои моддӣ ба хонаводаҳое, ки дар онҳо дугоник ва ё сегоник таваллуд ва ба ифтихори президент номгузорӣ шудаанд, моли таърих шудааст.

Ба гуфтаи вай, акнун ба ҳамаи волидон сарфи назар он ки фарзандашон ба ифтихори кӣ номгузорӣ шудааст, кумаки якранги иҷтимоӣ расонида мешавад.

Сокини вилояти Хоразми Ӯзбекистон, ки набераҳои сегоникаш ба ифтихори президент Шавкат, Мирамон ва Мирзиё номугузорӣ шуданд, шикоят дорад, ки мақомоти маҳаллӣ ва дастгоҳи президент ба набераҳои вай таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд.

Дар посух вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯяд, ҳамаи волидон бояд кумаки якранги иҷтимоӣ дарёфт кунанд. "Дар ҳеч куҷо навишта нашудааст, волидоне, ки фарзандонашонро ба ифтихори президент номгузорӣ мекунанд, бояд кумаки махсус дарёфт кунанд. Бар асоси қонунгузории кишвар, то расидан ба синни дусолагӣ волидони кӯдак вобаста ба ҳаҷми музди меҳнаташон кумаки моддӣ дарёфт мекунанд", - гуфт мансабдори давлатӣ.

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир падари сегоникҳо бекор аст. Таваллуди сегоникҳо вазъи хонаводаи Мансурбек ва Ойшаро, ки ду фарзанди дигар доранд, сангин кардааст.

Анъанаи ба ифтихори президент номгузорӣ кардани кӯдакон дар даврони роҳбарии президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов ҳам мушоҳида мешуд. Пештар ба кӯдаконе, ки номи президентро мегирифтанд, туҳфа ва ё кумаки моддӣ расонида мешуд.

XS
SM
MD
LG