Ссылки доступа

Дар Теҳрон занон барои нақзи қоидаҳои либос дигар боздошт намешаванд


Пулиси шаҳри Теҳрон аз ин ба баъд занҳоро барои нақзи қоидаҳои пӯшидани либоси исломӣ боздошт нахоҳад кард. Онҳо минбаъд барои омӯзиш ба марказҳои машваратӣ равона хоҳанд шуд.

Нашрияи "Теҳрон таймс" 28 декабр суханони генерал Ҳусейн Раҳимиро иқтибос овардааст, ки мегӯяд, занонро барои нақзи қоидаҳои пӯшидани либоси исломӣ дигар ба ҳабс намегиранд ва зиддашон парванда низ боз нахоҳанд кард.

Ба иттилои хабаргузории иронии "Тасним", дар иваз занҳо ба дарсҳои махсусе, ки кормандони пулис мегузаронанд, ҷалб карда хоҳанд шуд. Дар сурати такрори қоидавайронкунӣ онҳо бо баҳсҳои додгоҳӣ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Хабаргузорӣ мегӯяд, қоидаи нав танҳо ба Теҳрон дахл дорад.

Раҳимӣ гуфт, дар ҳудуди Теҳрон дар робита ба иҷрои талаботи либоси исломӣ беш аз 100 маркази машваратӣ фаъолият дорад. Аз соли 1979, дақиқтараш баъди инқилоб дар Эрон қоидаҳои либос ҷорӣ шудааст, ки гаштугузори занонро дар ин кишвар бидуни ҳиҷоб ва либоси исломӣ манъ мекунад.

XS
SM
MD
LG