Ссылки доступа

Сарнавишти норушани Шабакаи панҷуми Қирғизистон


Бунёди идораи дороиҳои давлатии Қирғизистон моликияти телевизиони Шабакаи панҷуми ин кишварро дар шаҳри Бишкек мусодира мекунад. Кормандони Шабака ба далели мушкили молӣ дастаҷамъона телевизионро тарк мекунанд. Сарнавишти ояндаи Шабакаи панҷум норушан аст.

Бекболот Алиев, муовини раиси Бунёди дороиҳои давлатӣ хабар дод, ки ин масъала то ҳол ҳал нашудааст. Ба гуфтаи вай, Шабака корашро идома медиҳад.

"Техникаҳо, дороиҳои шабака санҷида мешаванд, ҳуҷҷатҳо тафтиш шуданд. Роҳбарият ва бархе аз кормандон мераванд. Онҳое, ки масъулияти техникаро бар дӯш доранд, меистанд. Нашри барномаҳо қатъ намешавад", - гуфт Алиев.

Аммо то ҳол дақиқ нест, оё масъалаи молӣ, ки сабаби асосии аз кор рафтани кормандони телевизион шудааст, ҳал мегардад ё на.

Кормандони телевизион 27 декабр хабар доданд, ки фаъолияташонро қатъ мекунанд. Мудири шабака Евгения Бердникова 15 декабр гуфта буд, дар бораи аз кор рафтанаш ариза навиштааст. Ӯ низ рафтанашро бо мушкилоти молӣ рабт дода буд.

Дар ибтидо шабакаи мазкур КООРТ ном ва ба наздикони президенти пешини ин кишвар Асар Акаев рабт дошт. Баъдтар онро президенти дигари ин кишвар Қурмонбек Боқиев соҳиб шуд. Дар соли 2011 шабака миллӣ шуд. Дар маҷмуъ дар ин телевизион наздики 80 нафар кор мекард.

XS
SM
MD
LG