- Ахбори Тоҷикистону ҷаҳон аз рӯзи 28-уми декабри соли 2017 (видео)
- Аз лифт ба масҷид. Хонаи нави Шукрия ҳам даъвоӣ шуд. Дар пайи гузориши расонаҳо, шаҳрдории Кӯлоб ба хонаводаи бесарпаноҳе, ки дар холигоҳи лифт зиндагӣ мекард, дар яке аз маҳаллаҳои ин шаҳр макони зист ҷудо кард (видео)
- Мусофиркашии Бобои барфӣ дар Душанбе. Дар остонаи Соли нав, бобоҳои барфиро на танҳо дар гирди арчаҳои ороста, балки дар дохили мусофирбарҳои Душанбе ҳам дидан мумкин аст, ки бо сарулибоси худ барои мусофирон муҳити идонаро фароҳам мекунанд (видео)
- Дар Тоҷикистон фарзандони "бемеҳр"-ро ҷазо медиҳанд. Рӯзи 21-уми декабр Маҷлиси миллӣ тарҳи иловаҳо ба қонуни ҷиноиро, ки ҷазои сахттар ба фарзандони бемасъулиятро пешбинӣ мекунад, қабул кард. Фарзандоне, ки аз нигоҳубини падару модари барҷомонда даст мекашанд, то се сол зиндонӣ мешаванд. Хабарнигори мо аз раҳгузарон пурсид, ки ба чунин ҷазое розианд? (видео)
- "Фариштаҳо" кӯча мерӯбанд. Агар дигарон дар ин рӯзҳо ба ҷашн омода шаванд, онҳо шаҳрро барои мардум меороянд (видео)
- "Билайн" ва "Мегафон" дар Тоҷикистон сабукӣ хостаанд. Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон гуфтааст, ки ширкатҳои мобилии русии "Билайн" ва "Мегафон" бо мақомоти Тоҷикистон "барои сабук кардани сарбории андоз дар нисбаташон", музокира доранд (видео)
- Ниқоб мекашанд, то шинохта нашаванд. Дар бозорҳои Душанбе имрӯзҳо мардум дар ҷустуҷӯи ниқоби сазоворанд. (видео)
- Хиёбонҳои Душанбе дигар мешаванд. Ҳар гӯшаи шаҳри Душанберо ба хотири ҷашн ороста карданд (видео)
- Ҳалокати 41 нафар дар ҳамлаи Кобул. Дар пайи ҳамлаи рӯзи панҷшанбеи 28-уми декабр ба бинои як маркази фарҳангӣ ва қароргоҳи хабаргузории "Садои афғон" дар ғарби шаҳри Кобул, 41 нафар ҷон бохта ва 84 тани дигар захмӣ шудаанд. (видео)
- Танзими ҳаракат дар роҳ бо ҳаракатҳои Майкл Ҷексон. Як афсари пулис Ранҷит Сингҳ ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои сермошину ноамн дар маркази як шаҳри Ҳиндро на бо чӯбдаст балки бо рақсҳои Майкл Ҷексон ба танзим медарорад. (видео)
- Чаро баҳои президент ва хадамоти махсус роҷеъ ба таркиши Санкт-Петербург гуногун аст? (видеои Настоящее время)
- Барои чӣ занҳои Камишановка дар хона таваллуд мекунанд. Деҳаи Камишановка дар 60-километрии шаҳри Бишкек ҷойгир аст. Вале ба далели бад будани роҳ рафтан ба он хеле мушкил аст. Дар онҷо беморхона ва таваллудхона нест. (видео).
- Устураи зиндаи гандбол Талант Дуйшебоев. Талант Дуйшобоев – зодаи Қирғизистон ва шаҳрванди Испания яке аз ду бозигари беҳтарини гандбол дар асри ХХ аст. (видео аз Директ)
-- "Соҳибони саг ҳар қадар ки узрхоҳӣ накунанд, бояд муҷозот шаванд": вакил - дар бораи кулоҳ дар сари саг. Вакили порлумони Қирғизистон аз кулоҳпӯшонии саг дар намоиши муд норозист (видеои Настоящее время)
- Сармуҳаррирони расонаҳо соли 2017-ро ҷамъбаст мекунанд. (видео)
- Интиқоли 24 асири озодшуда ба бемористони низомии Киев. (видеои Настоящее время)
- Украинҳои аз асорат озодшуда ба Киев баргаштанд. (видео аз Директ)
- Ҳамла ба Санкт-Петербург: рамзгароӣ ё мушкили воқеии амният. (видеои Настоящее время)
- «Ҷуманҷӣ: Фарёди ҷангал» ва беҳтарин нахустнамоишҳои сол. (видео аз Директ)
- Ҷамъбасти сол: чаро ҳомиёни ҳуқуқи зан аз Трамп миннатдоранд. (видеои Настоящее время)
- Эъломҳои солинавӣ дар нашрияҳои даврони Сталин. (нигористон)
- Таърихи пеши рӯ: соли 2017 (нигористон)