Ссылки доступа

Ҳамоиши ҷонибдорӣ аз кулоҳи миллии қирғизӣ дар Бишкек


Дар Қирғизистон фаъолони маданӣ ба ҷонибдорӣ аз кулоҳи сафеди миллӣ дар назди фурӯшгоҳи "Бишкек-Парк"-и пойтахти ин кишвар ҳамоиши осоишта баргузор карданд.

Созмондиҳандагони ҳамоиш мегӯянд, бо ин иқдоми худ мехоҳанд, ба ҷомеа расонанд, ки кулоҳи сафед миллӣ ва дастоварди фарҳангии мардуми қирғиз аст. Ҳамчунин фаъолон талаб доранд, ки дастандаркорони қазияи кулоҳи миллӣ пӯшидани саг муҷозот шаванд.

Ёдрас мешавем, ҳафтаи гузашта дар Интернет акси сагеро нашр карданд, ки дар сар кулоҳи сафеди миллии қирғизӣ дошт. Дертар маълум шуд, ки ин акс дар намоишгоҳи муди либоси сагҳо ( Dog’s Fashion Show-2018) дар "Бишкек-Парк" гирифта шудааст.

Ба гуфтаи иштирокдорон, раҳбарияти фурӯшгоҳ низ дар ин қазия гунаҳкор аст ва бояд аз мардуми Қирғизистон узр пурсида, ба ҳисоби хонаи пиронсолон ва кӯдакон 10 миллион сом ҳамчун ҷарима супорад. Дар сурати ғайр, фаъолон ҳушдор доданд, ки раҳбарияти "Бишкек-Парк"-ро дар доираи қонун ба ҷавобгарӣ хоҳанд кашид.

Аз номи фурӯшгоҳи "Бишкек-Парк" касе ба назди эътирозгарон набаромад.

Кулоҳи миллӣ пӯшидани саг эътирози аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла фаъолони маданиро дар Қирғизистон ба бор овард. Созмондиҳандагони намоишгоҳ низ дар навбати худ гуфтанд, ки ба либоси иштирокдорон онҳо ҷавобгар нестанд.

Ба ҳимоят аз кулоҳи сафед бархе аз ҳунармандони машҳур, аз ҷумла филмсоз Ирисбек Ҷобиров ва вакилони порлумони Қирғизистон низ бархостанд. Намояндаи президенти ин кишвар дар порлумон Молдакун Абдилдаев гуфт, дастгоҳи раисҷумҳур кулоҳи миллӣ пӯшидани сагро ба зудӣ баҳо хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG