Ссылки доступа

Дар Самарқанд зане дар ғояти рашк духтари 12-соларо куштааст


Дар Ӯзбекистон як сокини ноҳияи Пайариқи вилояти Самарқандро бо гумони қатли ваҳшиёнаи духтари ҳамсояаш боздошт кардаанд. Бино ба фарзияи пулис, боздоштшуда ҳамсари худро бо зани ҳамсоя рашк карда, духтари 12-солаи ӯро ба қатл расондааст.

Ҷасади духтарчаро, ки 10 декабр бедарак шудааст, баъди 15 рӯз, 25 декабр дар саҳрои наздикии зодгоҳаш, деҳаи "Ҳоҷи Исмоил"-и Пайариқ аз зери хок пайдо кардаанд.

Муовини сардори пулиси Пайариқ майор Амин Тошев ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, дар ҳоли ҳозир, зан боздошт ва тафтиши қазия шурӯъ шудааст.

"Падари духтар 5 сол пеш даргузашт. Модари духтар танҳо зиндагӣ мекарданд. Сабаби воқеии кушторро намедонем. Вале мардум мегӯянд, ки духтарчаро зани ҳамсояашон бо табар зада, куштааст. Модари духтар гӯиё бо шавҳари боздоштшуда робита доштааст ва зан низ бо ин роҳ интиқом ситондааст", - гуфт як сокини деҳаи "Ҳоҷи Исмоил".

Дар робита ба ин ҳодиса бо банди 97 (куштори барқасдона)-и Кодекси ҷиноии Ӯзбекистон парванда боз шудааст.

XS
SM
MD
LG