Ссылки доступа

Дар эътирозҳои Эрон 20 кас кушта ва ҳудуди 700 тан боздошт шуданд


Шестой день протестов в Иране: в ночь на вторник погибли 9 человек
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:47 0:00

Раиси Додгоҳи инқилоби Теҳрон Мусо Ғазанфарободӣ мегӯяд, сокиноне, ки баъди рӯзи севуми тазоҳурот дар Эрон боздошт мешаванд, ба "душманӣ бо Худо" айбдор хоҳанд шуд. Дар ин сурат ба онҳо ҳукми қатл таҳдид хоҳад кард.

Ба иттилои "Радиои Фардо", тайи чанд рӯзи ахири эътирозҳо дар Эрон ҳудуди 700 кас боздошт шудаанд. Муовини вазири умури дохилии ин кишвар гуфт, синни 90%-и боздоштшудаҳо аз 25 боло нест.

Телевизиони давлатии Эрон хабар дод, ки шаби 2 январ дар натиҷаи эътирозҳо 9 нафар ҷон бохтанд. Ба ин тартиб, бар пояи иттилои расмӣ, дар натиҷаи тазоҳурот дасти кам 20 нафар кушта шудаанд, ки миёнашон кормандони пулис низ ҳастанд.

Раҳбари маънавии Эрон Оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ аз оғози тазоҳурот, 28 декабр бори нахуст вазъ дар кишварашро шарҳ дода, "душманони Ҷумҳурии исломӣ"-ро ба ташкили бетартибиҳо айбдор кард. Вале номи ягон "душман"-ро дақиқ зикр накард.

Ҳукуматҳои ИМА, Олмон, Шветсия, Туркия, Исроил, Фаронса ва Бритониё амалҳои хушунатомези мақомоти Эронро зидди тазоҳургарон маҳкум карданд.

Русия эълон кард, ки эътирозҳо дар Эрон як масъалаи дохилии он кишвар аст ва дахолати хориҷӣ ғайри қобили қабул хоҳад буд. Ҳукумати Сурия ҳамраъйии худро бо мақомоти Эрон эълом кард.

XS
SM
MD
LG