Ссылки доступа

Барканории як мансабдори донишгоҳи Туркманистон баъди хабари порагирӣ


Мудири кафедраи яке аз донишгоҳҳои Туркманистон баъди нашри хабари порагирӣ аз мансаб барканор шуд.

Охири моҳи декабр дар расонаҳои Туркманистон дар бораи ҷамъоварии маблағ аз донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии нақлиёти он кишвар хабар нашр шуд.

Баъди он мудири кафедра Юсуф Михтиевро аз мақом барканор карданд.

Михтиев дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ӯро ба хотири порагирӣ барканор накардаанд ва айни ҳол фаъолияташро дар мақоми пешин идома медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки порагирӣ дар Донишгоҳи нақлиёт идома дорад. Манбаъҳо мегӯянд, донишҷӯён баҳои имтиҳонҳоро бо пул мегиранд.

XS
SM
MD
LG