Ссылки доступа

Трамп гуфт, "тугмаи ҳастаӣ"-и Вашингтон аз Пхенян калонтар аст


Президенти ИМА Доналд Трамп ба изҳороти таҳдидомези раҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин, ки гуфт, "тугмаи ҳастаӣ-" дар рӯи мизи корияш қарор дорад, посух дод.

"Ким Чен Ин гуфта, ки тугмаи ҳастаӣ ҳамеша дар рӯи мизи корияш ҳаст. Касе аз ҳамон режими заифу гуруснааш бошад, ки ба ӯ фаҳмонад, ман ҳам тугмаи ҳастаӣ дораму аз ман бузургтару тавонмандтар аст ва кор мекунад", - навиштааст Трамп дар Твиттер.

Раҳбари Куриёи Шимолӣ дар паёми нави солонааш гуфт, кишвараш аслиҳаеро дорад, ки метавонад ба тамоми гӯшаву канори Иёлоти Муттаҳида бирасад ва ҳамчунин ҳушдор дод, ки "тугмаи ҳастаӣ" дар рӯи мизи корияш аст.

Вай изҳор дошт, ки ин аслиҳаро танҳо дар сурати эҳсоси хатар ба амнияти Куриёи Шимолӣ истифода хоҳад бурд. "Ин воқеият аст, на ҳушдор", - афзуд Ким Чен Ин. Ӯ пешниҳод кард, ки гуфтугӯҳо бо Куриёи Ҷанубӣ аз сар гирифта шаванд. Ба гуфтаи раҳбари Куриёи Шимолӣ, кишвараш ҷонибдори иштирок дар Бозиҳои олимпии Пхёнчхан ҳам ҳаст.

Президент Трамп изҳор дошт, ки ба эҳёи гуфтугӯ миёни ду Куриё шак дорад, аммо мақомоти Куриёи Ҷанубӣ пешниҳод кардаанд, ки 9 январ гуфтугӯи намояндагони ду кишвар дар сатҳи олӣ баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG