Ссылки доступа

Дар Қирғизистон барои дастгирии рӯзноманигорон 30 ҳазор сом ҷамъ карданд


"Кумитаи ҳимоят аз озодии баён" дар Қирғизистон барои рӯзноманигороне, ки бо қарори додгоҳ ба пардохти ҷубронпулӣ маҳкум шудаанд, аз сокинон то имрӯз 30 ҳазор сом (450 доллар) ҷамъоварӣ кардааст. Дар ин бора раҳбари созмон Одил Турдиқулов иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ҷамъоварии маблағ ҳанӯз идома дорад. Ёдрас мешавем, ин фаъоли маданӣ 29 декабр дар назди бинои Додгоҳи олии Қирғизистон маъракаи ҷамъоварии маблағро роҳандозӣ карда буд. "Додрасҳо ҳам бояд эҳсос кунанд, ки бо даъвоҳои беасос расонаҳоро ба пардохти 40 миллион сом вазифадор кардаанд", - изҳор дошт Турдиқулов.

Додгоҳ дар пайи даъвои Додситонии кулли Қирғизистон барои ҳимояти шаъну шарафи президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев аз сомонаи Zanoza.kg ва рӯзноманигорон хост, 27 миллион сом (беш аз 385 ҳазор доллар) ҷуброни зарар пардохт кунанд.

Ҳамчунин ду парвандаи дигар зидди вакилони дифоъ ва рӯзноманигорон дар ҳоли баррасиянд. Дар доираи яке аз онҳо ҳуқуқшиносони ҳизби мухолифи "Ота-Макон"-и Қирғизистон Канатбек Азиз ва Таалайгул Токтакунова ҳар кадом 5 миллион сом ҷарима шудаанд.

Додгоҳи шаҳрии Бишкек ҳам ҳукми ҷаримаи хабаргузории 24.kg ва рӯзноманигор Кабай Карабековро бетағйир гузошт. Рӯзноманигор ва сомона вазифадор шудаанд, то ба ситоди Сооронбой Ҷеенбеков 5 миллион сом ҷуброн пардохт кунанд.

Пештар хабар доданд, ки барои дастгирии рӯзноманигорон то имрӯз 17 расона маблағ додаанд.

XS
SM
MD
LG