Ссылки доступа

Тазоҳуроти ҷонибдорони ҳукумати Эрон дар посух ба эътирозҳо


Дар як қатор шаҳрҳои Эрон рӯзи чоршанбе дар посух ба ҳамоишҳои эътирозие, ки ҳудуди як ҳафта мешавад, идома доранд, ба ҷонибдорӣ аз ҳукумати ин кишвар тазоҳурот баргузор шуд.

Тазоҳургарон дар даст акси раҳбари маънавии Эрон Оятуллоҳ Алӣ Хоманаиро дошта, зидди эътирозгарон шиор мепартофтанд. Онҳо ҳамчунин ИМА, Арабистони Саудӣ ва кишварҳои дигарро дар таҳрик ва барангехтани ҳамоишҳои эътирозӣ айбдор карданд. Худи Хоманаӣ низ эътирозҳоро кори "душманони Эрон" номидааст.

Ҳамоишҳои эътирозӣ дар Эрон 28 декабр шуруъ шуданд. Дар аввал онҳо таҳти шиорҳои иқтисодӣ баргузор гашта, вале дертар хусусияти сиёсӣ касб карданд. Иштирокдорон ошкоро ҳукумат ва режимро интиқод карда, дар баъзе аз шаҳрҳо миёни эътирозгарон ва кормандони пулису гуруҳҳои ҷонибдори ҳукумат задухӯрд сурат гирифт.

Дар натиҷаи ин задухӯрдҳо дасти кам 20 одам кушта шуданд. Мақомоти Эрон баъзе аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмакрасонҳоеро бастанд, ки норозиён ба воситаи онҳо амалҳои худро ҳамоҳанг мекарданд.

Президенти ИМА Доналд Трамп ошкоро аз тазоҳургарони Эрон ҳимоят кард. "Дар фурсати муносиб дастгирии бузурги Иёлоти Муттаҳидаро хоҳед дид", - гуфт Трамп рӯзи чоршанбе дар хитоб ба иштирокдорони ҳамоишҳои эътирозии Эрон.

Вашингтон исрор дорад, ки дар робита ба афзоиши хушунатҳо дар Эрон ҷаласаи изтирории Шӯрои амнияти СММ баргузор шавад. Намояндаи ИМА дар СММ Никки Ҳейлӣ рӯзи сешанбе ҷасорати эътирозгарони Эронро сутуд ва афзуд, ки гирдиҳамоиҳо дар саросари ин кишвар ба таври худҷӯш сар задаанд ва дахолати хориҷӣ дар онҳо дида намешавад.

XS
SM
MD
LG