Бар асоси қонунгузории амалкунанда, дар Қирғизистон барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз 30 то 60 ҳазор сом (мутаносибан 450 ва 800 доллар) ҷарима таъйин шудааст.
Алмаз Асанбоев, муовини раиси хадамоти давлатии муҳоҷират мегӯяд, лоиҳаи қонун на танҳо муҳоҷират ба Қирғизистон, балки масъалаи ғайриқонунӣ ба хориҷ фиристодани қирғизистониҳоро низ дар бар мегирад.
"Тамоюли муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар саросари ҷаҳон густариш меёбад. Дар муҳоҷирати ғайриқонунӣ тиҷорати одамон ва пардохт нашудани ҳаққи заҳмати муҳоҷирон зиёд мушоҳида мешавад. Дар ин лоиҳаи қонун ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст", - гуфт вай.
Мақомоти Қирғизистон дар панҷ соли охир 233 ҳолати ташкили муҳоҷирати ғайриқонуниро ошкор кардаанд. Мақомоти он кишвар мегӯянд, ин навъи ҷиноят ба амнияти миллӣ хатар дорад. ВКД-и Қирғизистон бар ин назар аст, ки муҷозоти сабук барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ сабаб мешавад, даҳҳо унсурҳои тахрибкор аз кишварҳои дигар ба Қирғизистон оянд.