Дар ин бора маркази матбуотии Идораи маънавии мусалмонони Ӯзбекистон хабар медиҳад.
Ба иттилои ин ниҳод, зиндониёни пешин маҷмааи ёдгории "Ал-Бухорӣ", инчунин қабри президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримовро дар Самарқанд зиёрат карданд.
Моҳи декабри соли 2017 бахшида ба 25-солагии қабули Конститутсияи Ӯзбекистон президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев 2700 зиндониро авф кард.
Соли гузашта аз зиндонҳои Ӯзбекистон 14 зиндонии сиёсӣ - рӯзноманигорон, фаъолони ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ ба озодӣ баромаданд.
Бино бар иттилои созмонҳои байналхалқӣ, дар ҳоли ҳозир дар зиндонҳои Ӯзбекистон 12 рӯзноманигор ва ҳомии ҳуқуқ нигаҳдорӣ мешаванд.