Ссылки доступа

Сандерс: ИМА ба солимии равонии роҳбари Куриёи Шимолӣ шубҳа дорад


Сухангӯи Кохи сафеди ИМА Сара Сандерс аз суханони президенти кишвараш Доналд Трамп дар бораи роҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин ва доштани тугмаи ҳастаӣ ҳимоят кард. Ба гуфтаи Сандерс, дар Кохи сафед ба сиҳатии равонии роҳбари Куриёи Шимолӣ шубҳа доранд.

Сандерс дақиқан нагуфт, ки дар чӣ асос ҳукумати ИМА нисбати сиҳатии равонии Ким Чен Ин шубҳа кардааст. Сухангӯи Кохи сафед гуфт, Трамп ваъдаҳояшро иҷро ва мардуми Амрикоро ҳимоят мекунад.

Ахиран президенти ИМА ба табрикоти солинавии роҳбари Куриёи Шимолӣ посух дод. Президенти Куриёи Шимолӣ гуфт, тугмаи ҳастаиро рӯи мизи кориаш нигаҳ медорад. Трамп дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ӯ "низ тугмаи ҳастаӣ дорад, аммо тугмаи ӯ бузургтар, пуртаъсиртар буда, коромад аст". Трамп пешниҳод кард, ки Ким Чен Инро дар ин бора огоҳ кунанд.

XS
SM
MD
LG