Ссылки доступа

ИМА Тоҷикистонро ба рӯйхати нақзкунандагони озодиҳои динӣ ворид кард


Иёлоти Муттаҳида Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро ба хотири нақзи озодии виҷдон ва саркӯби озодиҳои динии сокинони худ ба рӯйхати кишварҳои "нигаронкунанда" ворид кард.

Ба огаҳии Департаменти давлатии ИМА, ба ин рӯйхат ҳамчунин Эрон, Чин, Куриёи Шимолӣ, Мянмар, Эритрея ва Арабистони Саудӣ шомил гаштаанд. Инҳо кишварҳое ҳастанд, ки соли гузашта низ дар рӯйхат буданд.

Дар изҳороти Департаменти давлатии ИМА Покистон ба таври алоҳида зикр шудааст. Манбаъ гуфта, ки нақзи ҷиддии озодиҳои мазҳабии сокинон дар ин кишвар Вашингтонро нигарон кардааст.

Вақтҳои ахир дар муносибатҳои ИМА бо Покистон ташаннуҷ ба миён омадааст. Президенти ИМА Доналд Трамп Покистонро ба он айбдор кард, ки дар мубориза бо терроризм дар сатҳи зарурӣ ҳамкорӣ намекунад. "Тайи 15 соли ахир онҳо аз мо 33 миллиард доллар гирифтаанд, вале мо аз онҳо чизе нагирифтаем", - навишт Трамп дар Твиттер.

Намояндаи доимии ИМА дар СММ Никкӣ Ҳейли гуфт, Вашингтон тасмим гирифтааст, ки феълан дар доираи ҳамкориҳо барои мубориза зидди терроризм ба Исломод 255 миллион долларро ҷудо накунад. Ин изҳороти Вашингтон эътирози мақомоти Покистонро ба бор овард.

XS
SM
MD
LG