Ссылки доступа

Ӯзбекистон воридоти молро аз Қазоқистон осон кард


Шаҳрвандони Ӯзбекистон аз 1 январи соли 2018 метавонанд, барои истифодаи шахсӣ ба маблағи то 1 ҳазор доллари амрикоӣ аз Қазоқистон бидуни пардохти боҷи гумрукӣ мол ворид кунанд.

Ин хабарро дар Кумитаи гумруки Ӯзбекистон тасдиқ карданд. То ин дам ӯзбекистониҳо ҳақ доштанд, ки барои истифодаи шахсӣ аз хориҷ танҳо ба маблағи то 10 доллар бидуни боҷи гумрукӣ мол ворид кунанд.

Бархе аз шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки 3 январ марзи ин кишварро бо Қазоқистон убур кардаанд, мегӯянд, воридоти мол ба кишварашон осон шудааст. Ба гуфтаи онҳо, муносибати кормандони хадамоти гумрук низ бо шаҳрвандоне, ки марзро мегузаранд, хеле тағйир ёфтааст.

"Дар гузаргоҳи "Гишт-Куприк –Жибек Жолӣ" дар марзи Ӯзбекистон бо Қазоқистон кормандони гумрук бо сокинон чунон хуб муносибат мекунанд, ки бовари кас намеояд. Онҳо ба сокиноне, ки ба маблағи то 1 ҳазор доллар мол доранд, оромона иҷозаи гузар медиҳанд. Ягон санҷиши зиёдатӣ нест, ин гуна ҳолатро бори аввал мебинам", - афзуд тоҷири ӯзбек.

Пештар хабар доданд, ки бештари ӯзбекистониҳо барои харидани молу маҳсулоти арзон ба бозорҳои Қазоқистон мераванд.

Як корманди Кумитаи гумруки Ӯзбекистон гуфт, аз 1 январи соли 2018 дар марзи ин кишвар бо Қазоқистон дигар навбатпоиҳо ба назар намерасанд. Ӯ ҳамчунин тасдиқ кард, ки ба шаҳрвандони Ӯзбекистон иҷоза дода шудааст, то ба маблағи 1 ҳазор доллар бе боҷи гумрукӣ мол ворид кунанд.

Узбекистанцам разрешили ввозит из Казахстана товары на сумму до 1000 долларов
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:50 0:00

XS
SM
MD
LG