Ссылки доступа

Дар Туркманистон кӯдаконро танҳо баъди боғча ба мактаб қабул мекунанд


Бино бар навиштаи расонаҳо, дар мактабҳои Туркманистон барои сабти ном кардани кӯдакон дар синфи 1-и соли хониши оянда, аз волидон талаб мекунанд, ки дар мавриди боғчаравии кӯдаконашон ҳуҷҷат пешниҳод кунанд. Вазорати маорифи он кишвар охири соли гузашта чунин талабот ҷорӣ кардааст.

Агар кӯдак дар боғча таҳсил накунад, ба мактаб пазируфта шудани вай мушкил мешавад.

Дар ҳоли ҳозир барои сабти ном кардани кӯдакон ба мактаб ариза аз ҷои истиқомат, нусхаи шаҳодатномаи таваллуд, аризаи тиббӣ, акс, ариза аз ҷои кори волидон талаб карда мешавад.

Ахиран моҳонаи боғчаҳои Туркманистон даҳ баробар гарон шуд. Мақомоти он кишвар моҳи октябри соли 2016 чунин қарор содир карданд. Ин боис шуд, ки шумори кӯдакон дар боғчаҳо коҳиш ёбад.

XS
SM
MD
LG