Ссылки доступа

Нигарониҳо аз ҳавои гарми зимистон дар Тоҷикистон (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 4-уми январи 2018 (HD)

- Нигарониҳо аз ҳавои гарми зимистон дар Тоҷикистон. Як сол пеш дар ин вақт мардум аз бориши зиёди барф ва сардии шадид сӯҳбат мекарданд , вале ҳоло дар бештар аз манотиқи Тоҷикистон ҳароратсанҷҳо то 20 дараҷа гарм нишон медиҳанд (видео)

- «Яхбандӣ ва офтоб...». Сарфи назар аз яхбандӣ - ҳарорати ҳаво дар Остона то 20 дараҷа сард аст - сокинон дар рӯзҳои аввали соли нав ба яхмолакбозӣ мераванд (видео)

- Дилноза Каримова: "Марги Диёрбек маро дигар кард". Дилноза Каримова, овозхоне, ки баъди талошҳои думоҳа барои наҷоти ҷони фарзандаш шаби 31 декабр Диёрбеки шашсоларо аз даст дод, аз мардуми тоҷик ва ҳамаи афроди хайрхоҳ барои пуштибониашон дар рӯзҳои сахт изҳори сипос кард (видео)

- Телефони ҳушманди кадом ширкатро истифода мебаред? Дар як пурсиши сарироҳӣ хабарнигорони Радиои Озодӣ аз сокинони пойтахти Тоҷикистон пурсиданд, ки телефони ҳушманди кадом ширкат барояшон писанд аст ва чаро? (видео)

- Юлдуз Усманова ба принсипҳои худ хиёнат кард? Овозхони маъруф Юлдуз Усмонова чанд соли пеш аз ширкати ҳунармандону овозхонон дар таблиғот ё рекламаи маҳсулот дар телевизионҳо интиқод карда буд. Вале ахиран худаш дар таблиғи тиҷоратии маҳсулоти як ширкат иштирок кард. Магар ин овозхон ба принсипҳои худ хиёнат кард? (видео)

- Эрон рафторашро дигар мекунад, ё не? Оятуллоҳ алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон тазоҳурот дар кишварро кори дасти душманон номид. Кишварҳои ғарбӣ аз Эрон хостанд ба ҳуқуқи мардум эҳтиром бигузорад. (видео)

- "Худҷӯшу табиӣ" ё "мудохилаи хориҷӣ"? Нигоҳи эрониёни Тоҷикистон ба эътирозҳо дар Эрон. Бо ин ки эътирозҳои мардумӣ дар Эрон наздики як ҳафта аст, ки дар сархати ахбори ҷаҳон қарор гирифтанд, эрониҳои муқими Тоҷикистон аз ин таҳаввулот интизороти ҷиддие надоранд. (видео)

- Макмастер: Покистон бояд ҳимоят аз Толибонро бас кунад. Ҳерберт Макмастер мушовири амнияти милли Кохи Сафед дар сӯҳбат бо хабарнигори Садои Амрико аз Покистон хост, ҳимоят аз гурӯҳҳои террористиро хотима диҳад. (видео)

- Исоев 12 сол зиндонӣ шуд. Додгоҳи Якуми майи шаҳри Бишкек ҳукми зиндони вакили порлумон аз ҷиноҳи "Қирғизистон" Канатбек Исоевро эълом кард. (видео аз Директ)

- Эътирозҳо дар Эрон камтар шуданд, мақомот мегӯянд, "балво" пароканда шуд. (видео аз Директ)

- Қазоқистон - раиси Шӯрои амнияти СММ. Муовини вазири умури хориҷии Қазоқистон Ержан Ашикбоев дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки кишвараш дар давраи раҳбарии шӯро чи хоҳад кард. (видео)

- Пенс Обамаро барои хомӯшияш ҳангоми "Инқилоби сабз"-и Эрон интиқод кард. Муовини президенти ИМА Майк Пенс бо "Садои Амрико" дар бораи эътирозҳои Эрон, тақдири "созиши ҳастаӣ" ва твитҳои Трамп суҳбат кард. (видеои Настоящее время)

- "Эрон - кишвари сармоягузори терроризм". Мусоҳибаи муовини президенти ИМА Майк Пенс. (видео аз Директ)

- Ошкоргӯиҳои мушовири пешини Трамп, ки пас аз он президент гуфт, "ӯ девона шудааст". (видеои Настоящее время)

- Ҷанбаи дигари комёбӣ. Осорхонаи нокомӣ дар Лос-Анҷелес боз шуд. (видеои Настоящее время)

- Jamala: таърихи комёбӣ. Сарояндаи тоторитабори Украина Сусана Ҷамолидинова чанд сол аст, ҳамаро ба ҳайрат меоварад. (видео аз Директ)

- "Русҳо дар Фаронса, Каталония, Мексика ва Черногория амал мекарданд": суҳбати мушовири амниятии Трамп. (видеои Настоящее время)

- Ҷашн дар ҳавои тоза: Соли нав дар "Мағораҳои сурх". (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG