Ссылки доступа

Вакили порлумони Қирғизистонро 12 сол зиндонӣ ва амволашро мусодира карданд


Додгоҳе дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон 4 январ ҳукми вакили порлумон аз ҷиноҳи "Қирғизистон" Канатбек Исоевро эълон кард.

Канатбек Исоев дар фасодкорӣ айбдор ва бо мусодираи амвол 12 сол зиндонӣ шуд. Вай ҳамчунин баъди адои ҷазо то се сол ҳаққи ишғоли вазифаҳои давлатиро надорад.

Сергей Слесарев, вакили дифои Исоев мегӯяд, умедвор буд, ки додгоҳ ҳукми одилона содир ва нафари таҳти ҳимояти ӯро озод мекунад. Ҳамакнун вакили дифоъ ният дорад, ба зинаҳои болоӣ шикоят барад.

Вакили порлумони Қирғизистон дар фурӯши ғайриқонунии замин дар солҳои 2009-2010 айбдор мешавад. Додгоҳ мегӯяд, Исоев дар замони раиси шаҳри Токмак буданаш заминфурӯшӣ кардааст. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Исоев моҳи майи соли 2017 кушода шуд.

Ба ҷуз, ин соҳи сентябри соли 2017 нисбати вакили порлумон парвандаи дувум бо моддаи омодагӣ ба "ғасби ҳукумат бо роҳи зурӣ" таъсис шуд.

XS
SM
MD
LG