Ссылки доступа

Роҳандозии ҳаракати автобус дар масири Чимкент-Тошканд


Сар аз 5 январ миёни шаҳрҳои Чимкенти Қазоқистон ва Тошканди Ӯзбекистон автобуси мусофиркаш ба гардиш даромад.

Вазорати сармоягузорӣ ва рушди Қазоқистон хабра медиҳад, ки автобуси мусофирбар дар ин масир ҳамарӯза аз соати 6 то 20 дар гардиш хоҳад буд.

Ҳаракати автобус дар як самт дар маҷмуъ наздики 4 соатро ташкил медиҳад. Вазорат мегӯяд, тафтиши гумрукии автобус ва мусофирон бе навбат анҷом дода мешавад.

Гардиши автобусҳои мусофиркаш миёни Қазоқистон ва Ӯзбекистон 17 сол пеш қатъ шуда буд. То охири соли ҷорӣ мақомоти ду кишвар тасмим доранд, байни шаҳрҳои дигари ду давлат гардиши автобусҳоро ба роҳ монанд.

XS
SM
MD
LG