Ссылки доступа

Палатаи ҳисоб дар 6 моҳ беш аз 150 мансабдори тоҷикро ҷазо додааст


Палатаи ҳисоби Тоҷикистон гузориш додааст, ки дар натиҷаи санҷишҳои аудиторонаш дар вазорату идораҳои кишвар 153 мансабдор ҷазои “моддиву маъмурӣ” гирифта, 6 тан аз мақомашон барканор шудаанд.

Ба гуфтаи масъулони Палатаи ҳисоб, ин мансабдорон барои роҳ додан “ба камбудиву норасоиҳои молӣ” ҷазо гирифтаанд. Палатаи ҳисоб тайи 6 моҳи кораш дар соли 2017 шеваи харҷи пулҳои буҷаро дар ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Айнӣ, Шуғнон ва 126 ташкилоти давлатӣ санҷидааст. Ин санҷишҳо наздик ба 7 миллион сомонӣ зарари молиро ошкор кардаанд.

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, ҷазои маъмурӣ ва сабукдӯш кардан аз вазифа барои истифодаи нодурусти пулҳои буҷа хеле ҷазои сабук аст. “Маблағи буҷа ин пулест, ки мардуми Тоҷикистон онро пардохт кардаанд. Чанд идораи дигар заҳмат кашида, онро ба буҷа ворид намудаанд. Вақте як масъул ин пули муфтро мегирад ва ба мақсади худ истифода мекунад, дар ниҳоят фақат танбеҳ мегирад. Бо ин нармӣ намешавад бо коррупсия мубориза бурд”, - гуфт ӯ.

Палатаи ҳисоб дар соли 2017 аз натиҷаи санҷишҳои аудиториаш 38 мавод ба Додситонии кул фиристодааст. Ин 38 баста ҳуҷҷатҳои ирсолкардаи Палатаи ҳисоб ба боз шудани 8 парванда сабаб шудаанд.

XS
SM
MD
LG