Ссылки доступа

Боздошти мудири театри Алмато ҳангоми гирифтани пора 


Мудири Театри давлатии академии драмавии ба номи Мухтор Авезови шаҳри Алматои Қазоқистон Ерлан Билол бо ҷурми гирифтани пора боздошт шудааст. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба Хадамоти зидди фасоди Қазоқистон иттилоъ доданд.

Сухангӯи хадамот Нурлан Жахин гуфт, "Ерлан Билолро ҳангоми гирифтани пора аз шахси ҳуқуқӣ дастгир кардаанд". Ба гуфтаи Жахин, дар робита ба ин ҳодиса парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

Ерлан Билоли 45-сола соли 2015 мудири Театри давлатии академии драмавии ба номи Мухтор Авезов таъйин шуд. То он замон ӯ раҳбари эҷодии Театри давлатии академии кӯдакон ва наврасони ба номи Мусрепови Қазоқистон буд.

XS
SM
MD
LG