Ссылки доступа

Порлумони Эрон пушти дарҳои баста эътирозҳоро баррасӣ кард


Порлумони Эрон 7 январ пушти дарҳои баста эътирозҳои зиддиҳукуматиро дар ин кишвар баррасӣ кард. Дар ин ҷаласа, ки бо даъвати ҷиноҳи ислоҳталабон баргузор гашт, сабабҳои бетартибиҳои оммавӣ муҳокима шуданд.

Хабаргузории ISNA иттилоъ дода, ки дар ҷаласаи мазкур вазири умури дохилӣ, раиси Шӯрои амният ва раҳбари Идораи иктишофии Эрон ҳам бояд иштирок карда бошанд.

Ҳамчунин ислоҳталабон дархост кардаанд, то дастрасии сокиноне, ки дар натиҷаи эътирозҳо боздошт шудаанд, ба кумаки ҳуқуқӣ таъмин карда шавад. Мақомоти Эрон рӯзи панҷум аст, ки ба тазоҳуроти ҷонибдорӣ аз ҳукумат дар шаҳрҳои ин кишвар идома медиҳанд ва расонаҳои расмӣ низ онро 7 январ муфассал бозтоб намуданд.

Ин дар ҳолест, ки расонаҳои давлатӣ бозтоби эътирозҳои зиддиҳукуматиро қатъ кардаанд. Сипоси посдорон низ гуфт, эътирозҳо зидди ҳукумати Эрон ба поён расиданд. Аммо ба гуфтаи як манбаи муътамади Радиои Озодӣ дасти кам эътирозҳо дар 9 шаҳри Эрон, бо шумули Теҳрон идома ёфтанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси таҷаммуъҳое ҳам гузошта шуд, ки бо вуҷуди теъдоди зиёди кормандони пулис баргузор гаштаанд.

Ба гуфтаи манобеи муътамади Радиои Фардо, дар шаҳрҳои Токистон, Масҷиди Сулаймон, Машҳад, Қазвин, Рашт, Лаҳинҷон, Султонобод, Ҳумайнӣ, зодгоҳи Оятуллоҳ Руҳуллоҳ Ҳумайнӣ -- бунёдгузори Ҷумҳурии исломии Эрон шабона эътирозҳои зиддиҳукуматӣ баргузор шудаанд. Дар натиҷаи эътирозҳои зиддиҳукуматии Эрон 22 одам кушта ва беш аз 1700 тани дигар боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG