Ссылки доступа

Дар Туркманистон мошинронии занҳо манъ шуд


Дар Туркманистон мақомот сар аз моҳи декабри соли 2017 пушти фармони мошин нишасти занҳоро манъ карданд. Расонаҳои маҳаллӣ менависанд, моҳи декабр барои вайрон кардани ин талабот нозирони роҳ занҳоро ҷарима мекарданд.

Сар аз ибтидои моҳи ҷорӣ акнун нозирони ҳуҷҷатҳои ронандагии занҳоро мегиранд ва мошинҳоро ба ҷаримагоҳ мебаранд.

"Дар ибтидо ман ин хабарро ҳамчун шӯхӣ қабул кардам, аммо баъдан бо он рӯ ба рӯ шудам. Ҳоло занҳо метарсанд, ки пушти фармони мошин нишинанд", - мегӯяд як зан аз Ишқобод.

Як манбаи дигар аз Туркманистон мегӯяд, аз занҳои мансабдоре, ки бо мошинҳои шахсиашон ба коргоҳ меомаданд, забонхат гирифтаанд, ки дигар пушти фармони мошин нахоҳанд нишаст.

Бино бар иттилои расонаҳои маҳаллӣ, вазири корҳои дохилии он кишвар Искандар Муликов 5 декабр дар як гузориш ба раисҷумҳури Туркманистон навиштааст, ки бештари садамҳо бо айби занон сар мезанад. Президент ба вазир дастур дод, ки "вазъро ислоҳ кунад".

XS
SM
MD
LG