Ссылки доступа

Даромади воқеии бозори домоди Ислом Каримов ошкор шуд


Аз ҳисоби бозори умдафурӯшии "Абу Сахӣ"-и пешин дар як моҳ ба буҷаи Ӯзбекистон 5 миллиард сӯм (муодили тақрибан 614 ҳазор доллар) фоида ворид шуд, вале баъди бозтаъсиси он дар 15 рӯз 35 миллиард сӯм даромад ҳосил шудааст. Дар ин бора президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев хабар медиҳад.

Охири соли гузашта бозори яклӯхтфурӯшии "Абу Сахӣ" дар шаҳри Тошканд ба маҷмаи тиҷоратии "Тошканд ипак йули" тағйири ном кард.

"Абу Сахӣ" дар соли 2006 аз сӯи Темур Тиллоев, домоди хурдии президенти пешини Ӯзбекистон таъсис ва ба бузургтарин ширкати воридоти маҳсулот аз хориҷ ба кишвар табдил шуд.

Дар замони роҳбарии Ислом Каримов бозор, ки дар 25 гектар замин доман паҳн кардааст, ба бузургтарин бозори умдафурӯшӣ табдил шуд. Ин бозор на танҳо пойтахти Ӯзбекистон, балки ҳамаи вилоятҳои кишварро бо маҳсулоти хориҷӣ таъмин мекард.

14 декабри соли 2017 хабар расид, ки "Абу Сахӣ" соҳиби нав пайдо мекунад. Вакили дифои Темур Тиллоев ин хабарро тасдиқ кард.

XS
SM
MD
LG