Кумита мегӯяд, "дар ҷараёни баргузории амалиёти вижа дар шаҳрҳои Алмато, Остона ва Степногорск аъзои гуруҳи ҷинояткор, аз ҷумла як шаҳрванди Чин боздошт шуд".
"Дар истгоҳи Олтинкол ду қатори ҳомили хокаи тило, ки вазни умумиашон 106 тоннаро ташкил медод, боздошт шуд. Ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ мусодира шуданд. Анборҳои марбут ба гуруҳи ҷиноятпеша, ки хокаи тилоро нигаҳдорӣ мекарданд, тафтиш шуд", - хабар медиҳад КДАМ,
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқи ибтидоӣ шуруъ шудааст.