Ссылки доступа

Расонаҳо: сармураббии тими мунтахаби Қазоқистон истеъфо дод


Сармураббии тими мунтахаби футболи Қазоқистон Александр Бородюк аз мақоми худ истеъфо додааст. Дар ин бора сомонаи варзишии vesti.kz иттилоъ медиҳад. Интизор меравад, хабари расмӣ дар ин бобат дертар нашр шавад.

Ба гуфтаи манобеи сомона, ин тасмим баъди ҳисоботи Бородюк дар Шӯрои мураббиёни Федератсияи футболи Қазоқистон гирифта шудааст.

Бородюки 55-сола ибтидои соли гузашта сармураббии тими мунтахаби футболи Қазоқистон таъйин шуда буд. Ӯ дар ин мақом Талгат Байсуфиновро иваз кард.

Мунтахаби Қазоқистон зери раҳбарии Бородюк дар шаш бозӣ мағлуб шуда, дар бозиҳо барои чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2018 мақоми охиринро гирифт.

Александр Бородюк пештар дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буд, ки ба ин мақом бо даъвати дабири кулли Федератсияи футболи Қазоқистон Каниш Абубакиров омадааст. Абубакиров низ охирҳои соли 2017 аз мақомаш истеъфо дод.

XS
SM
MD
LG