Ссылки доступа

Ӯзбекистон: омӯзгор дар барҳам задани сохти конститутсионӣ айбдор мешавад


Дар Ӯзбекистон омӯзгор ва иқтисоддон Ҳаёт Насриддинов, ки моҳи октябр боздошт шуда буд, дар талоши барҳам задани сохти конститутсионӣ айбдор мешавад.

Ин модда аз 10 то 20 соли зиндон пешбинӣ мекунад. Расонаҳои дохилии Ӯзбекистон менависанд, ин айбнома нахустин қадам дар роҳи муттаҳид кардани парвандаҳои ҷиноии Насриддинов ва рӯзноманигор Бобомурод Абдуллоев хоҳад буд.

Пештар аз ин Абдуллоев ва Насриддиновро дар маҳбас рӯ ба рӯ карданд. Ба ҷуз ин, ҳар дуи онҳо (ба эҳтимоли зиёд, иҷборан) аз хизмати вакили дифои мустақил даст кашиданд.

Насриддинов соли 1970 таваллуд шудааст. Вай маълумоти иқтисодӣ дошта, дар муассисаҳои мухталифи иқтисодиву молӣ фаъолият ва дар бахши бонкӣ чандин мақола навиштааст.

Соли 2010 Насриддинов барои бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ бештар аз сӣ матлаби муаллифӣ навишта буд. Дар солҳои баъдӣ вай бо расонаҳои дигари хориҷӣ ҳамкорӣ дошт.

XS
SM
MD
LG