Ссылки доступа

Дар Туркманистон корманди беморхона баъди латту кӯб фавтид


Расонаҳо аз марги як сокини Туркманобод хабар доданд, ки дар натиҷаи латту кӯби шадид фавтидааст. Дар хулосаи табибон навишта шудааст, ки ин сокин дар пайи вазъи сиҳатиаш фавтидааст, аммо наздикони вай мегӯянд, ӯро куштаанд.

Ба гуфтаи наздикони фавтида, парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст. Як дӯсти наздики фавтида - Назар Хидиров, ки дар бемористони кӯдаконаи шаҳри Туркманобод фаъолият мекард, 21 декабри соли гузашта дар коргоҳаш аз сӯи одамони ношинос латту кӯб ва баъдан ба манзилаш бурда шуд.

Ёрии таъҷилӣ ӯро ба бемористон бурд, аммо вай 30 декабр дар он ҷо вафот кард.

Назар Хидиров аз рӯи касб омӯзгори таърих буд. Вале баъди бекор мондан дар беморхонаи кӯдакона ба ҳайси устои қубурҳо фаъолият мекард.

XS
SM
MD
LG