Ссылки доступа

Каромат Шарипов: Лозим шавад, то Додгоҳи Аврупо шикоят мекунам (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 8-уми январи 2018 (HD)

- Каромат Шарипов: Лозим шавад, то Додгоҳи Аврупо шикоят мекунам. Каромат Шарипов, раиси як созмони муҳоҷирони тоҷик, ки моҳи декабри соли 2017 ба Тоҷикистон ихроҷ шуд, мегӯяд, фаъолияти ӯ дар самти ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар Русия ба бархе “гурӯҳҳои мафиёии тоҷик” писанд набуд (видео)

- Ширкати Билайн "NGN"-ро дубора фаъол кард. Ширкати мобилии “Билайн” аз барқарор кардани хадамоти гуфтугӯи NGN-и худ бо номи «Салом» хабар дод (видео)

- Ҳунарнамоии сирки Ӯзбекистон дар Тоҷикистон. Нахустин бор дар тӯли 20 соли ахир дар саҳнаи сирки тоҷик, сиркбозони узбак ҳунарнамоӣ мекунанд. Сафари ҳунарии сиркбозони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон, ки як моҳ идома мекунад, аз сӯи мухлисони сирки тоҷик хуш истиқбол шуда зоҳиран тамошобини зиёдеро ҷалб кардааст (видео аз Директ)

- Сокинон: Чизи хубро реклама намекунанд. Сокинони Душанбе аз муносибати худ ба реклама гуфтанд (видео)

- Осиё: Дар Қирғизистон беморони саратон бе морфин мемонанд. Дар Остона мурофиаҳои додгоҳии вазири пешини иқтисоди миллии Қазоқистон Куандик Бишимбоев оғоз шуданд. Дар Қирғизистон беморони гирифтор ба саратон бе доруе мемонанд, ки ба дардашон таскин мебахшад. (видеои Настоящее время)

- Амрико ба амалиёти наҷоти маллоҳони эронӣ ҳамроҳ шуд. Наҷотбахшони се кишвар Чину Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ дар маҳалли фалокати ду киштӣ дар наздикии шаҳри Шанхай барои бартараф кардани паёмади садама ва ҷустуҷӯи даҳҳо маллоҳи гумшуда идома медиҳанд. (видео)

- Саҳрои Бузурги Африқо шоҳиди барф шуд. (видео)

- Ато Муҳаммад Нур: Гуноҳи ман чист? Волии қудратманди вилояти Балхи Афғонистон мегӯяд, ки дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ ширкат мекунад. Ӯ раиси ҷумҳур Ашраф Ғаниро ба он муттаҳам мекунад, ки мехоҳад бо барканории ӯ аз рақиби эҳтимолӣ халос шавад. (видео)

- Розаро 4 доллар хариданду 60 доллар фурӯхтанд. Дар ин гузориш сарнавишти се духтари эзадӣ, як аққалияти ғайримусулмони Ироқ нақл мешавад, ки ҷангҷӯёни гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ ба онҳо зулму ситами зиёд кардаанд. (видео)

- Раҳбари Бахши BBC дар Чин ба далели нобаробарии ҳаҷми маоши мардону занон истеъфо дод. Сармуҳаррири Бахши BBC дар Чин Керри Грейс гуфт, бо хоҳиши худ аз мақомаш истеъфо дод. Бо ин амали худ ӯ мехоҳад, ба фарқияти маоши мардон аз занон эътироз кунад. (видео)

- Ҳимояти ҳамкорон аз Ерлан Билол. Кормандони Театри драмавии ба номи Мухтор Ауэзови Қазоқистон дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Алмато аз раҳбари худ, ки ба фасодкорӣ айбдор мешавад, ҳимоят карданд. (видео)

- "Ҷомеаи инҷо бештар таҳаммулпазир аст". Дархости паноҳандагии як ҳамҷинсгарои ӯзбек дар Белорус. (видео)

- Украина замоне Қримро дубора пас мегирад, ки Русия аз уҳдаи идорааш набарояд – Леонид Кравчук. Президенти пешини Украина Леонид Кравчук дар бораи баргаштани Қрим ба ҳайати Украина. (видео аз Директ)

- Таъсиси гардиши автобус дар масири Чимкент-Тошканд (видео)​

- Дар ИМА хотираи иштирокдорони фавтидаи Ансамбли Александровро гиромӣ доштанд. Маросим ва барномаи консертӣ дар сардтарин рӯзи сол. (видеои Настоящее время)

- Куриёи Шимолӣ бо Куриёи Ҷанубӣ бори аввал дар ду соли охир сари мизи музокира мешинанд (видео аз Директ)​

- Эътирозҳои Эрон аз хориҷ ҷонибдорӣ шуданд (нигористон)

- Беҳтарин аксҳои ҳафта аз Қрим. (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG