Ссылки доступа

Мансабдори ӯзбек баъд аз латукӯби мудирони мактаб барканор шуд (видео)


Чиновник избивает директоров школ: громкая история из Узбекистана
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:05:06 0:00

Раиси ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон Носирҷон Эгамбердиев, ки дар як ҷаласаи худ мудирони мактабҳои миёнаи маҳаллиро барои ба ҳам задани ҷашни Рӯзи истиқлол латукӯб ва таҳқир карда буд, 8 январ аз мақомаш барканор шудааст.

Ба ҷои ӯ Ботур Мирзоқуловро, ки то ин дам раиси ноҳияи Мирзоободи Ӯзбекистон буд, раиси ноҳияи Сайҳунобод тайин кардаанд. Ин хабар то ҳол расман эълом нашудааст ва расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба манобеи худ иттилоъ додаанд.

28 декабр хабар доданд, ки додситонии Сайҳунобод зидди Эгамбердиев бо бандҳои "Таҳқир" ва "Майдаавбошӣ" парвандаи маъмурӣ боз карда, ба додгоҳи ин ноҳия фиристодааст.

Як масъули додситонии Сайҳунобод 5 декабр гуфт, зидди Эгамбердиев барои он парвандаи ҷиноӣ боз нашуд, ки ягон нафари ҷабрдидаҳо аз болои ӯ шикоят накард.

Моҳи сентябри соли 2017 дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе аз ҷаласаи раиси ноҳияи Сайҳунобод нашр шуд, ки нишон медиҳад, Эгамбердиев мудирони мактабҳоро барои ба ҳам задани ҷашни Рӯзи истиқлол лату кӯб ва таҳқир мекунад.

Моҳи декабри соли гузашта низ додгоҳ раиси шаҳри Андиҷони Ӯзбекистон Дилмурод Раҳматуллоевро барои таҳқири мудирони коллеҷу литсейҳо 650 доллари ИМА ҷарима карда буд.

XS
SM
MD
LG