Ссылки доступа

Шикояти беш аз 40 варзишгари рус ба Додгоҳи ҳакамӣ


Додгоҳи ҳакамии варзишӣ (CAS) дар Швейтсария мегӯяд, аз варзишгарони Русия барои бекор кардани қарори манъи иштирокашон дар Бозиҳои олимпӣ 42 дархост қабул кардааст.

Масъулони додгоҳ иттилоъ доданд, ки баррасии дархости варзишгарони рус аз 22 январ оғоз шуда, қарор аст, ҳукми ниҳоӣ дар ин бобат охирҳои моҳи равон эълом карда шавад.

Кумитаи байналмилалии олимпӣ ахиран гуфт, Русия дар Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2014 дар шаҳри Сочӣ аз барномаи доруҳои нирӯафзо истифода кардааст.

Ба варзишгарони рус, ки истифода набурдани худ аз доруҳои мамнуи нирӯфизоро исбот карданд, иҷозат дода шуд, зери парчами бетарафӣ дар бозиҳои олимпӣ иштирок кунанд.

Бозиҳои зимистонаи олимпӣ имсол дар шаҳри Пхенчхани Куриёи Ҷанубӣ аз 9 то 27 феврал баргузор хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG