Ссылки доступа

Пулиси Душанбе таҷаммӯи хоҳишмандони кӯчидан ба Русияро пароканда кард (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 9-уми январи 2018 (HD)

- Пулиси Душанбе таҷаммӯи хоҳишмандони кӯчидан ба Русияро пароканда кард. Садҳо нафар аз шаби гузашта барои сабти ном пушти дари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Русия дар Душанбе ҷамъ омада буданд (видео)

- Ба бонкҳои Тоҷикистон эътимод доред? Буҳрони соҳаи бонкии Тоҷикистон ба вижа имкони маҳдуди бозпасгирии маблағҳо эътимод ба баъзе бонкҳои кишварро коҳиш додааст (видео)

- Баҳси дипломатҳои афғон барои пулҳояшон дар Тоҷиксодиротбонк. Чаҳор дипломати афғон мегӯянд, ду сол шуд 300 ҳазор доллари худро аз "Тоҷиксодиротбонк" гирифта наметавонанд. Ин дипломатҳо пулҳои худро вақти кор дар сафорати Афғонистон дар Душанбе дар ин бонк амонат гузоштаанд (видео аз Директ)

- Мақомот шоири ҳаҷвгӯйро меҷӯянд. Мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин муаллифи гумномеро ҷустуҷӯ мекунанд, ки бо мисраъҳои ҳаҷвии интиқодиаш сокинони маҳаллиро асабонӣ кардааст (видео аз Директ)

- Кондукторҳо: Чаро мо дағалем? Кондукторҳои нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз чӣ асабонӣ мешаванд (видео)

- Шавкат Мирзиёев воқеан тарафдори дӯстӣ бо Тоҷикистон ҳаст? Дар остонаи сафари нахуствазири Узбакистон ба Тоҷикистон, Тоҳири Сафар бо Сироҷиддини Ислом хабарнигори Радиои Озодӣ сӯҳбате дошт дар бораи ҳамкориҳои ду кишвар ва мушкилоте, ки метавонанд, монеи рафтуомади наздики мардуми ду тараф шаванд (видео)

- Артиши Ӯзбекистон нирӯяшро дар Самарқанд нишон дод. (видео)

- Осиё: бо кулоҳ ба назди малика. Паёми президент Назарбоев тавассути пахши мустақим ба қазоқистониҳо. Вакилони порлумони Қирғизистон мехоҳанд, тамоми намояндагони расмиро кулоҳ пӯшонанд. Қудратиҳои Душанбе ва Томск таҷаммӯи муҳоҷирони кориро пароканда сохтанд. (видеои Настоящее время)

- "Дар порлумон корҳои муҳимтар аз кулоҳ ҳастанд". Вакилони порлумони Қирғизистон пешниҳод доранд, ки кулоҳи сафед рамзи миллии ин кишвар дониста шавад. (видео аз Директ)​

- Дар Сахара барф борид​. (видеои Настоящее время)

- Силоҳ бар ивази садҳо доллар. Чи гуна дронҳои худсохт раванди ҷангро тағйир доданд. Тайи 9 рӯзи соли 2018 ба иншооти низомии Русия дар Сурия чанд бор ҳамла карданд. Вазорати дифои Русия гуфт, яке аз ҳамлаҳо ба воситаи дронҳои худсохт анҷом шудааст. (видео аз Директ)

- Сеул эҳтимол дорад, дар давраи Бозиҳои олимпӣ таҳримҳои зидди Пхенянро бекор кунад. (видео)

- Лас-Вегас имиҷи худро иваз мекунад. (видеои Настоящее время)

- "Ҷомеаи инҷо таҳаммулпазиртар аст". Дархости паноҳандагии ҳамҷинсгарои ӯзбек дар Белорус. (видео)

- "Бобои барфӣ зидди Путин". Ҷашнвораи фаъолони мадании рус бо номи "Бобои барфӣ зидди Путин" дар пойтахти Финляндия ба поён расид. Дар ҷараёни он дар бораи таъқибҳо, шиканҷа дар зиндонҳои Русия, таъсири қонуни "агентҳои хориҷӣ" ва парвандаи рӯзноманигор Алӣ Фирӯз гуфта шуд. (видео аз Директ)

- Гумонбари куштори Ноздровский ҳабс шуд. Додгоҳ қарор кард, ки гумонбари куштори ҳуқуқшинос Ирина Ноздровский 60 рӯз ба ҳабс гирифта шавад. (видеои Настоящее время)

- Худситоии Доналд Трамп. Президенти Амрико Доналд Трамп муаллифи китоби "Оташ ва хашм дар Кохи сафед"-ро, ки дар он интиқод шудааст, "комилан бетолеъ" ва худро "нобиға" номид. (видео аз Директ)

- Туркманистон: тасвирҳои ҳафта. (нигористон)

- Аксҳои ҳафтаи Қрим (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG